Дар вақти шунидани азон кадом калимаҳоро такрор бояд кард?

0

# Савол

Дар вақти шунидани азон кадом калимаҳоро такрор бояд кард?

# Ҷавоб

Бародари азиз, ҳангоми шунидани азон шунаванда он калимаҳоеро, ки муаззин ба забон меорад, бояд такрор кунад, вале ба ҷои “Ҳайя алассалоҳ” гуфтани муаззин “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим”, ба ҷои “Ҳайя алал-фалоҳ” “Мошоаллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун” ва дар намози бомдод ба ҷои “Ас-салоту хайрун минан-навм” “Садақта ва барирта” мегӯяд.  Пас аз тамом шудани бонги азон ин дуоро мехонад:

«Аллоҳумма Рабба ҳозиҳид-даъватит-томмати вас-салотил-қоима, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу варзуқно шафоъатаҳу явмал-қиёмати иннака ло тухлифул-миъод».

Тарҷума: «Худоё, эй Парвардигори ин дуоҳо ва намозе, ки барпо мешавад, ба Муҳаммад васила ва фазилат ато фармо ва ба ӯ манзилату мақоми неку, ки ваъда додаӣ, бидеҳ ва шафоати ӯро дар рӯзи қиёмат ба мо рӯзӣ гардон, ба дурустӣ ки Ту ваъдаро хилоф намекунӣ».

Шӯрои уламо (1935)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст