Шахсе суннат мехонд, ки иқомат гуфта шуд, бояд намозро идома диҳад ё …

0

# Савол

Шахсе суннат мехонд, ки дар ин лаҳза иқомат гуфта шуд, бояд намозро идома диҳад ё ки салом диҳад?

# Ҷавоб

Агар ин шахс намози суннати бомдод мегузорад, бояд намозро ба поён расонад, сипас ба намози ҷамоат бипайвандад. Агар дар намози суннати пешин қарор дорад ва ҳанӯз як ракъат нагузоридааст, бояд намозашро қатъ кунад ва агар як ракъат гузорида бошад, як ракъати дигар ба он зам карда сипас намозашро қатъ намояд ва ба ҷамоат ҳамроҳ шавад, пас аз итмоми ҷамоат намози суннатро бигузорад.

Шӯрои уламо (2336)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)