Зан дар ҳолати ҳайз метавонад ба Пайғамбар (с) салавот бифиристад?

0

# Савол

Зан дар ҳолати ҳайз ба Пайғамбар (с) салавот бифиристад, гуноҳ аст ё не? Зан дар холати хайз ба Пайгамбар (с) салавот бифиристад, гунох аст ё не?

# Ҷавоб

Барои зане, ки дар ҳолати ҳайз қарор дорад, амалҳои зайл мамнуъ аст: Намоз, рӯза, хондани Қуръон ва ба даст гирифтани он, даромадани масҷид, тавофи хонаи Каъба, ҳамхоба шудан бо шавҳар. Аммо зикри Худо гуфтан ва ба Пайғамбар (с) салавот фиристодан дар ин ҳолат боке надорад.

Барои зане, ки дар ҳолати ҳайз қарор дорад, мустаҳаб аст, ки дар вақти ҳар намозе вузӯ карда, чанд дақиқа ба зикру тасбеҳу таҳлил машғул шавад, зеро барои ӯ аҷру савоби намоз навишта мешавад. (“Нурул-изоҳ”, с. 48-49; “Раддул-муҳтор”, ҷ. 1, с. 186)

Шӯрои уламо (1018)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст