Оё никоҳи зани мусалмон бо марди ғайри мусалмон ҷоиз аст? #9

0

Суоли шаръӣ – 9. Аҳкоми хонаводаи мусулмон.


Суол:

Оё никоҳи зани мусалмон бо марди ғайри мусалмон ҷоиз аст? Ин корҳо гоҳо дар кишваре ба мисли Русия рух медиҳад. Ҳатто баъзеи занони мусалмони тоҷик дар худи Ватан (Тоҷикистон) низ бо мардони хитоӣ издивоҷ кардаанд. Оид ба ин масъала рӯшанӣ меандохтед.

Ҷавоб: 

Бо кӯмаки Худованд.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон!

Издивоҷи зани мусалмон бо марди ғайри мусалмон дар ҳеҷ замону макон ва ҳеҷ шароит ҳалол нест.

Дар ин ҳукм мардони пайрави динҳои осмонӣ, мушрикон ва бединон баробаранд.
Ҳукми манъи никоҳи зани мусалмон бо марди ғайри мусалмон бо оятҳои Қуръони Карим, суннати набавӣ, осори саҳеҳ ва иҷмоъ собит гашта, тамоми фуқаҳо дар ин масъала иттифоқи назар доранд. Оятҳои Қуръони Карим оиди ин мавзӯъ ба таври зерин аст:

Ояти якум:

…وَلَا تُنْكِحُوا الْمُشْرِكِينَ حَتَّى يُؤْمِنُوا وَلَعَبْدٌ مُؤْمِنٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكٍ وَلَوْ أَعْجَبَكُمْ… (البقرة: 221)

Тарҷумаи оят:

“Ва занони боимонро ба ақди никоҳи мардонимушриквориднасозед. Ва ҳамоно ғуломи боимон аз марди озоди мушрик агарчи (ҷамол ва моли) ӯ шуморо ба ҳайрат орад, беҳтар аст…”. [Бақара: 221]

Ояти дуюм:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا جَاءَكُمُ الْمُؤْمِنَاتُ مُهَاجِرَاتٍ فَامْتَحِنُوهُنَّ اللَّهُ أَعْلَمُ بِإِيمَانِهِنَّ فَإِنْ عَلِمْتُمُوهُنَّ مُؤْمِنَاتٍ فَلَا تَرْجِعُوهُنَّ إِلَى الْكُفَّارِ لَا هُنَّ حِلٌّ لَهُمْ وَلَا هُمْ يَحِلُّونَ لَهُنَّ… (الممتحنة: 10)

“Эй мӯъминон! Чун занони боимон (аз сарзамини куфр) назди шумо ба ҳайси муҳоҷир оянд, пас, садоқаташонро (дар боби имон доштан) бисанҷед. Аллоҳ (ҷ) аз имон доштанашон огоҳтар аст. Пас агар имон доштанашонро донистед, онҳоро назди шавҳарон (-и кофирашон) барнагардонед. На занони боимон ба мардони беимон ҳалоланд ва на мардони беимон бо занони боимон ҳалоланд…”. [Мумтаҳана: 10]

Ояти сеюм:

…وَلَن يَجْعَلَ اللَّهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلً (النساء: 141)

“…Ва ҳаргиз Аллоҳ (ҷ) барои кофирон бар мӯъминон роҳе (ба маънои ҳукмфармоие)-ро қарор намедиҳад.” [Нисо: 141]

Азбаски мард баъд аз издивоҷ бар зан як навъ ҳаққи ҳукмфармоӣ ба даст меорад ва ғайри мусалмонон набояд бар мусалмонон ҳукмфармоӣ дошта бошанд, никоҳи зани мусалмон бо марди номусалмон ҳаром аст.

Дар осори саҳеҳ собит аст, ки вақте зани насронӣ мусалмон мешуд ва ҳамсараш дар дини насроният боқӣ мемонд, салафи солеҳ он занро аз он мард ҷудо мекарданд. Дар ривоят омада аст, ки ҳамсари марде аз қабилаи Саълаба мусалмон шуд, вале шавҳараш Ислом наовард, ҳазрати Умар (р) он занро аз шавҳараш ҷудо карданд.
Фуқаҳо оиди ҳикмати ин ҳукм мегӯянд, дар никоҳи зани мусалмон бо марди ғайри мусалмон хавфи он меравад, ки шояд зан ба шавҳараш пайравӣ карда, ба куфр моил мегардад. Зеро занон одатан аз дини шавҳаронашон пайравӣ мекунанд. Аз тарафи дигар, азбаски марди ғайри мусалмон ба дини зани мусалмон бовар надорад, балки Китоб ва рисо-лати Паëмбарашро дурӯғ мешуморад, имкон надорад, ки ҳаëти онҳо бо чунин фарқияти бузурги эътиқодӣ орому осуда гузарад.


[Ниг: Имом Абӯбакр ибни Аҳмади Косонӣ; Бадоеъу-с-саноеъ; 3/465, Ваҳбаи Зуҳайлӣ; Мавсуъат-ул-фиқҳи-л-исломӣ ва адиллатуҳ; 7/152, Саййид Собиқ; Фиқҳу-с-суна; 2/214, имом Абӯзаҳра; Алаҳволу-ш-шахсия; с/101,102]


Аз ин рӯ, издивоҷи зани мусалмон бо марди ғайри мусалмон, сарфи назар аз китобӣ ё ғайри китобӣ будани ӯ ҳароми қатъӣ буда, бояд занони мусалмон аз ин кор парҳез кунанд. Дар акси ҳолат ин амали онҳо зино ба ҳисоб меравад ва ҳеҷ машрӯияте надорад.


Суоли 9, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 30.12.2021.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)