# Савол
Оё ба сабаби нахондани намоз инсон кофир мешавад?
# Ҷавоб
Не, зеро ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан дар мазҳаби ҳанафӣ бо тарки намоз инсон кофир намешавад. Имоми Аъзам (р) дар китоби «Фиқҳи акбар» мегӯяд:
«Вало нукаффиру муслиман бизанбин миназзунуби ва ин конат кабиратан изо лам ястаҳиллаҳо».
«Мо ягон мусулмонро барои гуноҳи содир кардааш агарчи он гуноҳ гуноҳи кабира ҳам бошад, ба шарте он гуноҳро ҳалол нашуморида бошад, нисбат ба куфр додан ҳақ надорем».
Шахси бенамоз ҳукми мусулмони фосиқро дорад, фардои қиёмат зери машият ва хости Худо қарор мегирад, агар бихоҳад ӯро ба фазлаш мебахшад ва агар бихоҳад, тибқи адлаш ӯро азобу уқубат мекунад, зеро дар ҳадиси шариф омадааст:
« خَمْسُ صَلَوَاتٍ كَتَبَهُنَّ اللَّهُ عَلَى الْعِبَادِ فَمَنْ جَاءَ بِهِنَّ لَمْ يُضَيِّعْ مِنْهُنَّ شَيْئًا اسْتِخْفَافًا بِحَقِّهِنَّ كَانَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدٌ أَنْ يُدْخِلَهُ الْجَنَّةَ وَمَنْ لَمْ يَأْتِ بِهِنَّ فَلَيْسَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدٌ إِنْ شَاءَ عَذَّبَهُ وَإِنْ شَاءَ أَدْخَلَهُ الْجَنَّةَ ». )رواه أحمد و أبوداود(.
«Панҷ вақт намозро Худованд бар бандагонаш фарз кардааст, касе ин панҷ вақт намозро барпой дорад, Худованд аҳд кардааст, чунин бандагонашро ба биҳишт медарорад. Аммо касе ин панҷ вақт намозро барпой надорад, ҳеҷ аҳде назди Худованд надорад, агар хоҳад, ӯро азоб мекунад ва агар хоҳад, ӯро ба ҷаннат медарорад». (Ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд).
Шӯрои уламо (24)
