Низоми хукук чист? Низоми ҳуқуқӣ чист?

0

# Савол

Низоми хукук чист? Низоми ҳуқуқӣ чист?

# Ҷавоб

Низоми ҳуқуқи кишвар падидаи васеъ ва фарох буда, дар худ манбаъҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, раванди ҳуқуқтатбиқкунӣ ва ҳатто сатҳи шуури ҳуқуқию маданияти ҳуқуқиро фаро мерирад.

Низоми ҳуқуқ сохти дохилии фазои ҳуқуқист, ки аз меъёри ҳуқуқ, институти ҳуқуқ ва соҳаи ҳуқуқ иборат аст. Дар низоми ҳуқуқ мавқеи меъёри ҳуқуқ ва соҳаҳои ҳуқуқӣ назаррас аст. Бе унсурҳои номбаршуда низоми ҳуқуқро тасаввур кардан душвор аст.

Мафҳуми низоми ҳуқуқ аз низоми ҳуқуқӣ фарқ дорад, охирӣ васеътар буда, дар он ба ғайр аз унсурҳои таркибии ҳуқуқ низоми қонунгузорӣ, маданияти ҳуқуқӣ, амалияи ҳуқуқӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, инчунин муносибатҳои ҳуқуқӣ, маҷмӯи санадҳои ҳуқуқӣ, мақомоти ваколатдори ҳуқутатбиқкунанда ва ҳатто баъзан аз олимон мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро низ шомил медонанд.

Муфассал: Ҳуқуқэҷодкунӣ, низоми ҳуқуқ ва низоми ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст