Намозро то даромадани дигар намоз хонӣ қазо мешавад?

0

# Савол

Салом. Намозро то даромадани дигар намоз хонӣ қазо мешавад? Мисол, намози пешин соати 13:00 ва аср чоруним ё панҷ аст, агар мо пешинро соати 3 ё сеюним ё чор хонем қазо мешавад?

Аз Неъматҷон

# Ҷавоб

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, соатҳое, ки дар ҷадвали вақтҳои намозҳои панҷгона нишон дода шудаанд, аввали вақти он намозро нишон медиҳанд, бинобар ин, то қабл аз даромадани вақти намози дигар гузоридани намози нахустин дуруст аст. Вале набояд дар гузоридани он бидуни зарурат таъхир кард.

Шӯрои уламо (2722)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст