Намозро бе азон ва иқомат хондан дуруст аст?

0

# Савол

1. Аз саросемагӣ иқомати намози хуфтанро ногуфта намозро адо кардам, оё ин ҷоиз аст ё на?

2. Намозҳоямро бе азон ва бе қомат гуфтан мехонам. Оё ин хел намоз раво аст?

# Ҷавоб

1. Иқомат гуфтан қабл аз намоз суннат аст, агар шумо онро ба фаромӯшӣ тарк карда бошед, пас намози шумо дуруст шудааст, вале қасдан тарк кардани он макрӯҳ аст.

2. Агар дар маҳаллаи шумо масҷид бошад, бе азону иқомат гузоридани намоз ҷоиз мешавад, вагарна макрӯҳ аст.

Шӯрои уламо (1864, 1851)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)