Метавонам аввал намози шомро хонда баъд рӯзаамро кушоям?

0

# Савол

Оё ман метавонам, ки вақти шом аввал намози шомро хонда, баъд рузаамро кушоям?

# Ҷавоб

Вақти ифтор пеш аз хондани намози шом аст ва фазилат дорад. Аз Анас ибни Молик (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «Расулуллоҳ (с) қабл аз хондани намоз ифтор менамуд». (Ривояти Тирмизӣ). Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳамеша мардум ба хайр ҳастанд, модоме ки дар ифтор шитоб намоянд». (Муттафақун алайҳ).

Шӯрои уламо (150)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)