Бо сари бараҳна, яъне бе тоқӣ ё сала намоз гузоридан ҷоиз аст?

0

# Савол

1. Оё барои мард сари бараҳна, яъне бе тоқӣ намоз гузоридан ҷоиз аст ё на? Бо сари барахна, яъне бе токи ё сала намоз гузоридан чоиз аст?


2. Оё бе тоқӣ ё бе салла намоз гузоридан дар дину мазҳабамон мумкин аст? Чунки бисёре аз ҷавонҳоямон намозро бе тоқӣ анҷом медиҳанд. Агар ба ҷое равем, ки тоқӣ набошад, ин ҳолат бояд чӣ кор кунем? Лутфан пурра мефаҳмондед!

# Ҷавоб

1. Қасдан сари бараҳна гузоридани намоз макрӯҳ аст, зеро Расули Худо (с) ҳаргиз сари бараҳна намоз нагузоридаанд, чунонки дар ҳадисҳои саҳеҳ ворид шудааст.

Шӯрои уламо (1846)


2. Гузоридани намоз бо сари пӯшида суннат аст, агар ба сабаби узре бе тоқӣ ё бе салла намоз гузорад, ҷоиз мешавад, вале бидун узр макрӯҳ аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 19)

Шӯрои уламо (1083)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст