Маънои номи Асия чист?

0

# Савол

Хоҳишмандам номи “Асия”-ро тафсир диҳед. Маънои номи Асия чист?

Аз Сафархоҷа (08.03.22)

# Ҷавоб

Дуруд ба шумо. “Асия” дар сарчашмаҳо ҳамчун “Асия” ва “Осия” омадааст. Дар китоби номнома бо ин маъно омадааст: Асия, зани Фиръавн, ки Мусо (а)-ро пинҳонӣ парварид.


Дар Вожаҷӯ он маънои зерин омадааст:

  1. андӯҳгусор, устуворсохт, устувона, сутун
  2. номи зани фиръавн бо Мӯсо (а), ки дар ривоёти исломӣ зани солеҳу муттақӣ ва некӯкор муъаррифӣ шудааст.

Шӯрои уламо дар мавриди ин ном чунин гуфтаанд:

Осия номи зани Фиръавн аст, ки имон оварда буд ва яке аз чаҳор зане аст, ки онҳоро Пайғамбар (с) беҳтарин занони олам хондаааст. Тарзи дурусти ин ном Осия буда, ба чанд маъно омадааст, аз ҷумла бинои устувор, сутун, маҳзун ва табиб.


Чунин ҳадис ҳам дар номнома (саҳ. 6) оварда шудааст:

Имом Тирмизӣ аз Оиша (р) ривоят намудаанд, ки Пағамбар (с) номҳои ноҳинҷорро тағйир медоданд. Ибни Умар (р) нақл мекунад, ки духтари Умар (р) Осия (саркаш, беадаб) ном дошт ва Расули Худо (с) ба ӯ номи Ҷамила (зебо) ном ниҳод. (Ҷавоби 0214)


Хулосаи гузоштани ин номро ба худи шумо вогузор мекунем 🙂

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии