Адади ҷуфт чист? Адади тоқ чист?

0

# Савол

Адади ҷуфт чист? Адади чуфт чист? Адади тоқ чист? Адади ток чист?

# Ҷавоб

Рақамҳои 2, 4, 6 ва 8 рақамҳои ҷуфт номида мешаванд. Рақами 0-ро низ ба қатори рақамҳои ҷуфт ҳамроҳ мекунем.

Рақамҳои 1, 3, 5, 7 ва 9 рақамҳои тоқ ном гирифтаанд.

ТАЪРИФИ 1. Адади натуралие, ки бо рақами ҷуфт тамом мешавад, адади ҷуфт номида мешавад.

Масалан, ададҳои 8, 14, 26, 32, 100 ҷуфтанд, чунки ҳар яки онҳо бо рақами ҷуфт тамом шудааст.

ТАЪРИФИ 2. Адади натуралие, ки бо рақами тоқ тамом мешавад, адади тоқ номида мешавад.

Масалан, ададҳои 7, 11, 13, 55, 99 тоқанд, чунки ҳар яки онҳо бо рақами тоқ тамом шудааст.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст