Калимаҳои “ҳоҷӣ”, “эшон”, “шайх”, махсум”, “мулло” ва “сӯфӣ” чӣ маъно доранд?

0

# Савол

Калимаҳои “ҳоҷӣ”, “эшон”, “шайх”, махсум”, “мулло” ва “сўфӣ” кадом маъноҳоро дорост ва дараҷаи кадом яке аз инҳо баланд аст?

# Ҷавоб

Маънои ҳар як аз ин калимаҳо ба шарҳи зайл аст:

Ҳоҷӣ дар истилоҳи шаръӣ касе аст, ки либоси эҳром пўшида ва маносики ҳаҷро анҷом медиҳад, аммо дар урф шахсеро мегўянд, ки фаризаи ҳаҷро адо кардааст.

Вожаи “эшон” дар урфи мардуми мо ба касе нисбат дода мешавад, ки сайидзода, яъне аз насли ҳазрати Пайғамбар (с) бошад.

“Шайх” дар луғат ба маънои шахси солхўрда меояд ва маъмулан шахси зоҳиду обид, муршид ва пешвои рўҳониро мегўянд.

Калимаи “махсум” шакли вайроншудаи “махдум” аст, ки ба маънои “хидматшуда” меояд, яъне касе, ки аз рўи эҳтиром ба ў хидмат мекунанд. Дар урф аҳли илму фазлро бо ин унвон мехонанд.

Калимаи “мулло” ба маънои доно, пур аз илм ва олими мадраса меояд ва дар фарҳанги динӣ низ маънои донандаи улуми шариатро ифода мекунад.

Истилоҳи “сӯфӣ аз” калимаи “сӯф” ба маънои пашм гирифта шуда, ба касе нисбат дода мешавад, ки солики роҳи тариқат ва аз аҳли тасаввуф бошад. Дар гузашта чунин касон аксаран либоси пашмина ба бар мекарданд, аз ин рў, бо ин унвон номгузорӣ шудаанд.

Дар фарҳанги динии мо ин истилоҳот ба пешвоёни динӣ нисбат дода мешаванд ва тафовути дараҷа ва мақоми онҳо аз якдигар ба илму тақво аст.

Шӯрои уламо (1733)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст