# Савол
Ҳофизи Шерозӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Хофизи Шерози кай ва дар кучо таваллуд шудааст?
# Ҷавоб
Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз таваллуд ёфтааст.
Соли 1389 дар Шероз чашм аз олам пӯшидааст.
# Намунаи ашъор (ғазал)
Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи, дилу ҷон наравад,
Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.
Ончунон меҳри туам дар дилу ҷон чой гирифт,
Ки гарам сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад.
Аз димоғи мани саргашта хаёли руҳи дӯст
Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.
Ҳар чи чуз бори ғамат бар дили м искини, ман аст,
Биравад ин дили ман в-аз дили ман он наравад.
Дар азал баст дилам бо сари, зулфат пайванд,
Тo абад сар накашад в-аз сари паймон наравад.
Гар равад аз пайи хубон дили ман маъзур аст,
Дард дорад, чи кунад, к-аз пайи дармон наравад.
Ҳар кӣ хоҳад, ки чу Ҳофиз нашавад саргардон,
Дил ба хубон надихад в-аз пайи эшон наравад!
