# Савол
Хароҷотҳое, ки дар рафти тафтиши пешакӣ ва баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо ҷалби эксперт, адвокат, тарҷумон ва дигар намуди хароҷотҳо, ба зимаи ки гузошта мешавад?
# Ҷавоб
Моддаи 139. Ситонидани хароҷоти мурофиавӣ
1. Хароҷоти мурофиавӣ аз маҳкумшудагон ситонида ё аз ҳисоби давлат пардохт мешавад.
2. Суд, судя ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда, ба истиснои маблағи ба тарҷумон, инчунин ба ҳимоятгар пардохташуда, хароҷоти мурофиавиро аз маҳкумшуда ситонанд. Хароҷоти мурофиавиро ҳам аз маҳкумшудае, ки аз ҷазо озод карда шудааст, ҳам аз маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ӯ ҷазо таъин нагардидааст, ситонидан мумкин аст.
3. Хароҷоти мурофиавӣ вобаста ба иштироки тарҷумон дар парванда аз ҳисоби давлат мебошад. Агар тарҷумон вазифаи худро тибқи супориши вазифагӣ анҷом дода бошад, музди меҳнати ӯ аз ҷониби давлат ба корхонае, ки ӯ кор мекунад, ҷуброн карда мешавад.
4. Агар гумонбаршуда ё айбдоршаванда аз ҳимоятгар даст кашида, вале он қонеъ гардонида нашуда, ҳимоятгар дар парванда тибқи таъинот иштирок дошта бошад, музди меҳнати ҳимоятгар бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ ва Кодекси мазкур пардохта мешавад.
Сайти Савол Тҷ
5. Дар ҳолати бо сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 234 Кодекси мазкур сафед кардани судшаванда ё қатъ намудани парванда хароҷоти мурофиавӣ аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Агар судшаванда қисман сафед шуда бошад, суд ӯро ӯҳдадор мекунад хароҷоти мурофиавиро вобаста ба айбдоркуние, ки ӯ гунаҳгор дониста шудааст, пардозад.
6. Дар сурати бад будани вазъи молумулкии шахсе, ки аз ӯ хароҷоти мурофиавӣ бояд ситонида шавад, он аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Суд ҳуқуқ дорад маҳкумшударо пурра ё қисман аз пардохти хароҷоти мурофиавӣ озод кунад, ба шарте ки он ба вазъи молумулкии шахсоне, ки таҳти парастории маҳкумшуда қарор доранд, таъсири ҷиддӣ расонад.
7. Суд оид ба парванда якчанд судшавандаро гунаҳгор эътироф намуда, муайян мекунад, ки хароҷоти мурофиавӣ ба кадом андоза аз ҳар яки онҳо ситонида мешавад. Дар айни замон суд хусусияти гуноҳ, дараҷаи масъулият ва вазъи молумулкии маҳкумшударо ба инобат мегирад.
8. Оид ба парвандаи ҷиноятии ноболиғон суд метавонад пардохти хароҷоти мурофиавиро ба зиммаи падару модари ноболиғон ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, гузорад.
9. Ҳангоми сафед кардани судшаванда оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ суд ҳуқуқ дорад хароҷоти мурофиавиро аз шахсе, ки мутобиқи шикояти ӯ пешбурди парванда оғоз гардида буд, пурра ё қисман ситонад. Ҳангоми қатъ намудани парванда ба сабаби оштӣ шудани тарафҳо хароҷоти мурофиавӣ аз як ё аз ҳар ду тараф ситонида мешавад.
