Оё дар ҳолати рӯза ғарғара кардани даҳон ҷоиз аст?

0

# Савол

Оё дар ҳолати рӯза ғарғара кардани даҳон ҷоиз аст?

# Ҷавоб

Дар ҳолати рӯза об гардонидани даҳону бинӣ ҷоиз аст, аммо ғарғара кардан ҷоиз нест, чунки бими фурӯ рафтани об дар ҳалқ вуҷуд дорад.

Бинобар ин эҳтиёт бояд кард, то об дар ҳалқ дохил нашавад.

Дар китоби «Ал-Фиқҳул-исломию ва адиллатуҳу», ҷ. 3, с. 1710 -11 дар мавриди чизҳое, ки рӯзаро намешикананд, меорад:

«Шашум: Мазмаза ва истиншоқ, агарчи дар ғайри вузӯ кунад, лекин дар вақти шустани даҳону бинӣ муболиға намекунад, то ки об дохили бадан нашавад».

Шӯрои уламо (2670)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст