# Савол
Оё ният кардани намоз ба ғайр аз забонҳои арабӣ ва форсӣ бо дигар забонҳо мумкин аст? Фиқҳ дар ин масъала чӣ мегӯяд
Гайри араби ва форси бо дигар забон ният кардан дар намоз.
# Ҷавоб
Ният кардан бо ҳама забонҳо дуруст аст, албатта забонҳоро Худо офаридааст ва ҳамаи онҳо ба ӯ маълум мебошад. Ҳеҷ зарурате нест, ки ҳама бо забони арабӣ ният кунад.
Шӯрои уламо (588)
