Дуои пеш аз хоб кадом аст?

0

# Савол

Байни суннат ва фарзи бомдод Қуръон хондан дуруст аст?

# Ҷавоб

Зикру дуоҳои пеш аз хоб, ки аз Паёмбар (с) ривоят шудаанд, хеле зиёданд, аз ҷумла хондани “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шудааст, ки чун Паёмбар (с) ба бистари худ хоб мерафт, кафи дастҳои худро бо ҳам ҷамъ карда, дар онҳо сураҳои «Қул Ҳуваллоҳу Аҳад» ва «Қул аъузу биРабби-л-фалақ» ва «Қул аъузу биРабби-н-нос»-ро хонда, дастҳои худро ба сар ва қисмати пеши рўи худ ва баъд аз он ба тамоми бадани худ масҳ мекард ва ин амалро се бор такрор мекарданд. Инчунин аз ҳазрати Ҳузайфа ибни Ямон (р) ривоят шудааст, ки ҳар гоҳ Паёмбар (с) ба бистари хоб мерафтанд, ин дуоро мехонданд: «Бисмика амуту ва аҳё». Яъне, ба номат эй Худо мемираму зинда мешавам. Барои огоҳии бештар оиди ин мавзӯъ шумо ба китоби «Нақши дуо дар зиндагии инсон» муроҷиат кунед.

Шӯрои уламо (2504)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)