Таблиғ барои пешрафти сомона
#Савол
Даромади оила чист ва аз кадом қисматҳо иборат аст?
#Ҷавоб
Даромади оила — вобаста аз таркиби оила, нафарҳои қобилияти меҳнат доштаю коркунанда, ба фаъолиятҳои гуногун шуғл дошта, ҳаҷми даромаду музди кор, имтиёзу ёрдампулиҳо ва ғайра ҳархела ташкил меёбад. Он ҳамчун кулли даромадҳои нафарҳои дар оила буда сурат мегирад.
Даромад аз чунин қисматҳо иборат мебошад: музди кор, даромади соҳибкорӣ, даромад аз моликият (рента, фоиз, пардохтҳои иҷоравӣ, дивидентҳо), пардохтҳои трансфертии давлатӣ (нафақа, стипендия, кӯмакпулӣ, хизматрасонии бемузди тиббӣ ва ғайра), даромад дар шакли мерос ва ғайра.