Дар вақти саҷда чанд узви бадан бояд ба замин расад?

0

# Савол

Дар вақти саҷда чанд узви бадан бояд ба замин расад?

# Ҷавоб

Ҳангоми саҷда ҳафт узви бадан ба замин мерасад: ҳарду пой, ҳарду зону, ҳарду каффи даст, пешонӣ бо бинӣ, зеро Расули Худо (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Ман маъмур шудаам, ки бо ҳафт устухон (узв) саҷда кунам: бо пешонӣ – ва бо дасташ ба бинии мубораки худ ишора кард, – ҳарду даст, ҳарду зону ва ҳарду қадам”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Шӯрои уламо (2417)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)