Имом ба чӣ касе нияти иқтидо мекунад?

0

# Савол

Имом ба чӣ касе нияти иқтидо мекунад? Баъзеҳо мегӯянд, ки ба Қуръон иқтидо мекунад, баъзе мегўянд, ки мисли танҳогузор ният мекунад. Кадоме аз инҳо дуруст аст?

Имом ба ки иктидо мекунад? Нияти имом чӣ гуна аст?

# Ҷавоб

Бародари азиз, имом ба касе иқтидо намекунад, балки ӯ кафил ва уҳдадори намози қавм аст, он чи баъзеҳо мегӯянд, ки имом ба Қуръони маҷид иқтидо мекунад, саҳеҳ нест.

Шӯрои уламо (1733)


# Савол

Дар намози ҷамоат қавм ба имом иқтидо мекунанд, имом чӣ хел ният мекунад?

# Ҷавоб

Дар намози бо ҷамоат имом мегӯяд: «Ният кардам бигузорам ду ракъат фарзи намози бомдод, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло, Аллоҳу акбар».

Шӯрои уламо (532)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст