Таблиғ барои пешрафти сомона
#Савол
Ассалому алайкум. Вақте ки дар намози ҷамоати чаҳорракъатӣ дер монда як ракъати охирро дарёбем, боқимондаи намозро чигуна адо мекунем?
#Ҷавоб
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз дар ин ҳолат як ракъат бо замми сура гузорида, қаъда мекунад, сипас ду ракъати дигар, яке бо замми сура ва яке бе замми сура мегузорад.
Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2002)