# Савол
Нигоҳ доштани аксҳои шахси фавтида ва тамошои онҳо дар Исломи азизамон дуруст аст? Сурат гирифтан гуноҳ аст ё на?
Сурат гирифтан аз нигоҳи Ислом гуноҳ аст ё на? Сурат гирифтан аз нигохи Ислом гунох аст ё на?
# Ҷавоб
Рӯҳи ашхоси аз дунё реҳлаткарда бо дуову хайру эҳсон ёдоварӣ мешавад, на бо тамошои аксҳои онҳо, зеро нигоҳ доштани акс бидуни зарурат ҷоиз нест.
Аз нигоҳи дини Ислом сурат гирифтан ё нигоҳ доштани сурат макрӯҳ аст, зеро ташбеҳ ба бутпарастон мешавад.
Сурат гирифтан аз нигоҳи шариат ҷоиз нест, вале дар ҳолати зарурат ба монанди шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои лозима дуруст аст.
Шӯрои уламо (956, 1447)
