Дар бораи майнӯшии Умари Хайём каме маълумот медодед

0

# Савол

Дар бораи майнӯшии Умари Хайём каме маълумот медодед.

# Ҷавоб

Умари Хайём яке аз уламо ва донишмандони барҷастаи тоҷик аст, ки дар улуми мухталиф аз худ мероси илмӣ ба ёдгор гузоштааст. Дар рубоъиёте, ки ба ӯ мансуб аст, вожаҳое аз қабили майу маъшуқа ва ғайра истифода шудаанд. Инҳо ҳама истилоҳоти ирфонӣ ҳастанд, ки маънои рамзӣ ва ирфонӣ доранд ва маънои ҳақиқии онҳо мақсуд нест. Аз мутолиаи ин рубоъиёт набояд чунин тасаввур кард, ки Умари Хайём майнӯш будааст, зеро ки ин андешаи ғалат ва гумони бад нисбат ба як олими фарзона аст.

Шӯрои уламо (921)


Вобаста ба май дар осори бузургони тоҷик барномае аз шабакаи Китобхон ҳаст, ки муфассал дар ин маврид суҳбат шуда:

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст