Суоли шаръӣ – 12. Дар баёни хукми Ришва (порадихи ва порахури)
Дар баёни ҳукми Ришва (порадиҳӣ ва порахурӣ)
Суол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!
Бародар, як савол дорам. Шумо медонед, ки имрӯз дар ҷомеаи мо бе додани ришва кореро иҷро кардан душвор аст ё аслан имкон надорад. Масалан, ман соҳибкорам. Ҳамаи он чи қонун аз як соҳибкор талаб мекунад, ба ҳадди имкон анҷом медиҳам. Лекин боз ҳам гоҳо аз ину он ниҳод омада, бо ҳар баҳонае моро ҷарима кардан мехоҳанд. Мақсади онҳо аслан ба қавле “пул кандан” аст. Агар мо ба инҳо як миқдор пул дода, ҷонамонро халос накунем, онҳо қасдан якравӣ карда, баҳонаҳо ёфта, моро ҷаримаҳои калон мебанданд. Дар ин ҳолат мо чӣ кор кунем? Оё пуле, ки аз рӯи маҷбурӣ ба ин тоифа шахсон медиҳем, ришва ҳисоб мешавад?
Ҷавоб:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон!
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Бародари гиромӣ! Азбаски ин мавзӯъ имрӯз домангири ҷомеаи мо гашта аст, лозим медонем, ки ин ҷо бо каме тафсилот ба пурсиши шумо посух гӯем.
Ҷавоби мухтасар:
Аз навиштаи фуқаҳо ва бо назардошти нуктаҳои дар пурсиш омада маълум мешавад, ки ҳолати суолдиҳанда барои худаш ришва ба ҳисоб намеравад, балки ӯ бо додани ришва зарар ё зулмеро аз худ дур месозад ва дур сохтани зарар аз худ ҷоиз мебошад. Вале шахси ришваситон дар ҳолати мазкур муртакиби ҳаром гашта, ба лаънати Худо ва Паёмбар (с) гирифтор мешавад. Валлоҳу аълам.
Ҷавоби муфассал:
МАЪНОИ КАЛИМАИ РИШВА
Калимаи ришва дар забони арабӣ аз решаи “ришо” гирифта шуда аст. “Ришо” ба маънои танобе аст, ки ба воситаи он аз чоҳ об мегиранд.
Аммо калимаи ришва дар истилоҳ ба маънои “пайванди расидан ба ҳоҷати худ аз роҳи ноҳақ” мебошад.
Баъзеҳо онро ба маънои “он чи барои ботил гардонидани ҳақ ва ҳақ гардонидани ботил дода мешавад” гуфтаанд.
[Ниг: Аллома Алӣ Қорӣ; Мирқот-ул-мафотиҳ; 7/295]
Маънои дуюм аз Ҳасани Басрӣ (р) омада аст.
[Ниг: Абӯбакри Розии Ҷассос; Аҳком-ул-Қуръон; 2/541]
ҲУКМИ РИШВА ДАР ҚУРЪОН ВА АҲОДИС
Ришва додан, ришва гирифтан ва восита шудан байни ин ду тараф, ҳамаи ин амалҳо шаръан ҳаром аст.
ДАЛЕЛҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ
ОЯТИ ЯКУМ:
وَلَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُم بَيْنَكُم بِالْبَاطِلِ وَتُدْلُوا بِهَا إِلَى الْحُكَّامِ لِتَأْكُلُوا فَرِيقًا مِّنْ أَمْوَالِ النَّاسِ بِالْإِثْمِ وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ
“Ва молҳои якдигарро дар байни худ бо роҳи ботил нахӯред ва онро барои аз роҳи маъсият хӯрдани қисмате аз моли мардум назди ҳокимон набаред, дар ҳоле ки шумо (ҳаром будани ин корро) медонед.”
Имом Насафӣ (р) зимни тафсири ҷумлаи дуюми ин оят менависад:
“Гуфтаанд, ки маънои оят чунин аст: “… ва баъзе молҳои худро аз роҳи ришва ба ҳокимони бад надиҳед”.
[Ниг: Имом Абӯлбаракот Абдуллоҳи Насафӣ; Мадорику-т-танзил ва ҳақоиқу-т-таъвил; 1/260]
ОЯТИ ДУВВУМ:
Худои Таъоло дар сураи “Моида” баъди зикри сифатҳои бади яҳуд ва мунофиқон онҳоро ин гуна васф карда аст:
سَمَّاعُونَ لِلْكَذِبِ أَكَّالُونَ لِلسُّحْتِ
“(Онҳо) ба сухани дурӯғ бисёр гӯш меандозанд ва ҳаромро зиёд мехӯранд…”. [Моида: 43]
Имом Абӯбакри Розӣ (р) дар тафсири “Аҳком-ул-Қуръон”-и хеш аз Масруқ (р) ривоят мекунад, ки вақте ӯ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) дар бораи маънои калимаи “суҳт” пурсид, дар ҷавоб гуфт: “Мақсад аз ин вожа ришва аст”.
[Ниг: Абӯбакри Розии Ҷассос; Аҳком-ул-Қуръон; 2/540]
Ҳамин гуна маъно аз Алӣ ибни Абӯтолиб (р), Умар ибни Хаттоб (р), Иброҳими Нахаӣ (р), Ҳасани Басрӣ (р), Муҷоҳид ибни Ҷабр (р), Қатода, (р) ва Заҳҳок (р) ривоят шуда аст. [Ҳамон манбаъ]
Имом Ибни Касир (р) дар тафсираш мегӯяд: “Мақсад аз калимаи “суҳт”-и ба маънои ҳаром “ришва” аст. Ин тафсир аз Ибни Масъуд (р) ва чандин нафарони дигар ривоят шуда аст. Маънои оят ин аст, ки чӣ гуна Худои Таъоло дили ин тоифаро пок мегардонад ва дуои онҳоро қабул менамояд?!”
[Ниг: Аҳмад Шокир; Умдату-т-тафсири мухтасари Тафсири Ибни Касир; 2/77]
Имом Тоҳир ибни Ошур (р) дар охири ояти фавқуззикр менависад: “Калимаи “суҳт” дар ин оят тамоми моли ҳаром ба монанди рибо, ришва, хӯрдани моли ятим ва моли ғасбшударо шомил мегардад.”
[Имом Тоҳир ибни Ошур; Таҳрир ва танвир; 3/151]
Имом Абӯбакри Розӣ (р) баъд аз зикри боби хос оиди ришва чунин мегӯяд: “Ҳама муфассирони ин оят (ояти сураи “Моида”) иттифоқ доранд, ки пазируфтани ришва ҳаром аст. Ҳамчунин ба иттифоқи ҳама муфассирон ришва аз ҷумлаи “суҳт”-е аст, ки
Худои Мутаъол онро ҳаром гардонида аст.”
[Ниг: Абӯбакри Розии Ҷассос; Аҳком-ул-Қуръон; 2/541]
ДАЛЕЛҲО АЗ АҲОДИСИ НАБАВӢ
ҲАДИСИ ЯКУМ:
لَعَنَ رسولُ اللهِ صلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ الراشِيَ والمرْتَشِيَ في الحكْمِ
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки ӯ мегӯяд: “Паёмбар (с) ришвадеҳ ва ришваситон дар ҳукмро лаънат кардаанд.” (Ривояти Тирмизӣ)
ҲАДИСИ ДУЮМ:
لعنَ رسولُ اللهِ صلَّى اللَّهُ عليهِ وسلَّمَ الرَّاشي والمُرتَشي
Абдуллоҳ ибни Амр (р) мегӯяд: “Паёмбар (с) шахси ришвадеҳ ва ришваситонро лаънат кардаанд.” (Ривояти Тирмизӣ)
ҲАДИСИ САВВУМ:
لعن رسول الله الراشي والمرتشي والرائش
Аз Савбон (р) омада аст, ки мегӯяд: “Паёмбар (с) шахси ришвадеҳ, ришваситон ва воситаи байни он дуро лаънат кардаанд.”
(Ривояти Ибни Абӯшайба (р) дар “Мусаннаф” ва Байҳақӣ дар “Шуъаб-ул-имон)
Бар асоси ҳамин оятҳо ва аҳодиси набавӣ фуқаҳо мегӯянд: “Талаби ришва, бахшидан ва қабул кардани он ҳаром аст. Он гуна ки амали шахси воситашаванда байни ришвадеҳ ва ришваситон ҳаром аст.”
[Ниг: Доират-ул-маорифи фиқҳии кувейтӣ; 22/222]
ТАҚСИМБАНДИИ РИШВА ДАР ФИҚҲИ ҲАНАФӢ
Фуқаҳои ҳанафӣ зимни баррасии масоили қазовати қозӣришваро ба ин чор қисм тақсим намудаанд:
1. Ришва додан ва ришва гирифтан барои доданимасъулияти қозигӣ ва амирӣ ба касе;
Дар ин ҳолат ришва гирифтан ва ришва додан ҳар ду низ ҳаром аст.
2. Ришва гирифтани қозӣ барои содир сохтани ҳукм;
Дар ин ҳолат ҳам гирифтани ришва ва додани он ҳаром аст. Ҳатто дар сурати ҳақ будани ҳукми қозӣ ришва гирифтанаш ҳаром мебошад. Зеро аз рӯи ҳақиқат ҳукм кардан масъулияти шаръии ӯ аст.
3. Ришва додан барои баробар кардани кори худ назди султон;
Дар ҳолати мазкур шахсе ба султоне ришва медиҳад, то зиёнеро аз худ дур ё нафъеро ҷалб созад. Дар ин ҳолат ришва гирифтани он султон ҳаром аст, вале шахси ришвадеҳ муртакиби ҳаром нашуда аст. Чунки ӯ бо додани ришва зиёнеро аз худ дур месозад ё фоидаеро ба даст меорад.
4. Ришва додан ба шахсе, ки назди қозӣ ё ҳоким муваззаф нест;
Ба ин маъно, ки шахсе ҳаққаш зоеъ шуда аст ва ӯ ба нафари дигаре, ки назди қозӣ ё ҳоким ҳеҷ вазифае надорад ва дар айни замон аз уҳдаи баргардонидани ҳаққи он шахси корафтода мебарояд, маблағ медиҳад, то ҳаққашро баргардонад. Дар ин ҳолат кори ҳар ду ҳам ҳалол аст. Зеро маблағе, ки аз ҷониби шахси корафтода ба нафари дуюм дода мешавад, ҳукми ҳаққи хидматашро дорад. [Ниг: Аллома Ибни Обидини Шомӣ; Радд-ул-муҳтор; 8/42]
Имом Бурҳониддини Марғинонӣ (р) низ оиди он ки додани маблағ ё ҳар чизи дигар ба хотири дур сохтани зарар аз худ ришва нест, мегӯяд: “Додани ришва барои дур кардани зулм аз зуд кори ҷоиз аст.”
[Ниг: Имом Бурҳониддини Марғинонӣ; Ҳидоя; 3/526]
Имом Абӯбакри Розӣ (р) дар китоби “Аҳком-ул-Қуръон”-и худ аз Ҷобир ибни Зайд (р) ва Шаъбӣ (р) меорад, ки мегӯянд: “Агар шахсе аз мавриди зулм қарор гирифтани ҷон ё молаш ҳаросад ва бо додани пора он зулмро пешгирӣ кунад, боке надорад.”
Ҳасани Басрӣ (р) мегӯяд: “Ришвадиҳанда вақте мавриди лаънати Худо қарор мегирад, ки ҳадафаш ҳақро ботил ё ботилро ҳақ сохтан бошад. Аммо ин ки шумо бо додани ришва моли худро ҳифз кунед, боке надорад.
[Ниг: Имом Абӯбакри Розии Ҷассос; Аҳқом-ул-Қуръон; 2/541]
Суоли 12, Иброҳими Саиднуриддин, санаи ҷавоб: 22.01.2022.
