Дар азони Бомдод “Ассалоту хайрун минан-навм”-ро фаромӯш кардан

0

# Савол

Шахсе танҳо намоз мегузорад ва азону иқоматро ҳам мегӯяд. Бисёр ҳолатҳо дар вақти азони намози бомдод ҷумлаи “Ассалоту хайрун минан-навм”-ро фаромӯш мекунад. Пас аз поён ёфтани азон ба хотираш мерасад. Дар ин ҳолат ин шахс чӣ кор бояд кунад, оё гунаҳгор мешавад?

Дар азони намози Бомдод “Ассалоту хайрун минан-навм”-ро фаромуш кардан

# Ҷавоб

Азон гуфтан дар намозҳои панҷгонаи фариза ва намози ҷумъа суннат аст. Агар дар аснои азон баъзе ҷумлаҳои онро фаромӯш кунад, вале ҳанӯз аз гуфтани азон фориғ нашуда бошад, пас дар ин ҳолат ба хотираш расид, он ҷумларо бо идомааш аз сар гуфта азонро ба поён расонад. Агар пас аз фориғ шудан аз азон ба хотираш расид, дар ин сурат аз сар гуфтани он лозим нест, метавонад, ки иқомат гӯяд ва намозашро адо кунад, дар ҳеҷ як аз ин ҳолатҳо гунаҳгор намешавад.

Шӯрои уламо (887)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст