Чӣ қадар вақт дур будан аз зан / ҳамсар ҷоиз аст?

0

# Савол

Ман дар муҳоҷирати меҳнатиям, мехоҳам фаҳмам, ки дини Ислом то чанд муддат иҷозати аз хона дур будани мусалмононро додааст ва муҳлати муайянеро муқаррар кардааст?

# Ҷавоб

Аз нигоҳи дини мубини Ислом мусулмон ба муддати чор ё шаш моҳ метавонад бидуни узр аз хонаводааш дур бошад. Агар зарурат ва узре бошад, аз ин муддат бештар боке надорад, вале нафақаи ҳамсарашро фиристонад ва ҳадафаш зарар расонидан ба зан набошад.

(“Масоили фиқҳии муосир”,  с. 317-320 ва с. 335-340) Шӯрои уламо (841)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст