# Савол
Мегӯянд, ки баъд аз марг ҷасади пайғамбарон ва ҳофизони Қуръонро мору каждум намехӯрад. Оё ин дуруст аст?
# Ҷавоб
Дуруст аст, ки ҷасади пайғамбарон ва ҳофизони Қуръон дар қабр намепӯсад. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Ҳамоно Худованд хӯрдани ҷасади пайғамбаронро бар замин ҳаром гардонидааст”. (Ривояти Абӯдовуд ва Ибни Моҷа).
Бархе аз донишмандон дар ин ҳукм шаҳидон, сиддиқон, олимони боамал, муаззинон ва ҳофизони Қуръонро низ шомил кардаанд.
Шӯрои уламо (740)
