# Савол
Дар бораи хукуки шавхар
Агар зан бо гапи шавхараш амал накунад бо гапи падараш амал кунад дар ислом чи хукм дорад?
Аз Беном
#Ҷавоб
Ва алайкумуссалом. Шакке нест, ки тоати падару модар ва шавҳар дар амалҳои мубоҳ аз ҷумлаи воҷиботи шаръист. Агар зан битавонад розиги ҳамаи онҳоро ба даст орад ҳаққи онҳоро адо карда аст. Аммо ҳақ ва муҳаббати падар ва модар болотар аст аз ҳаққи шавҳар. Зеро дар чанд ояи аз Қурьон ҳаққи падар ва модар баъд аз ҳаққи Худо зикр шуда аст. Дар сури Нисо оя 36 Худо мефармояд:(Ва Худоро ибодат кунед ва ба Ӯ чизе ширк наоред ва ба падар ва модар эҳсон кунед)
Вале набояд падар ё модар ба коре фармон диҳанд, ки сабаби вайронии зиндагии духтарашон шавад. Ҳаққи шавҳарро дар назар гирифта духтарашонро амр ба амале кунанд.
Ҷавоб аз Саҳифаи таълимӣ