Аз дидгоҳи дини Ислом қабр бояд чигуна канда шавад?

0

# Савол

Аз дидгоҳи дини Ислом қабр бояд чигуна канда шавад? Сабаб чист, ки дар дигар кишварҳо дигар намуд аст?

Аз дидгохи дини Ислом кабр бояд чигуна канда шавад?

# Ҷавоб

Аз нигоҳи шариат ду намуд қабр канда мешавад ва ҳар яке вобаста ба шароити ҳамон маҳал аст. Як навъи он лаҳад аст, ки дар ҳолати резиш надоштани хок канда мешавад, чунонки дар бисёр манотиқи кишварамон маъмул ва машҳур аст. Навъи дуюм шақ (бидуни лаҳад) аст, ки дар ҳолати резиш доштани хок ва нарм будани замин канда мешавад, зеро дар чунин ҳолат лаҳад кандан ғайри имкон аст. (“Хулосатул-фатово”, ҷ. 1, с. 225-227)

Шӯрои уламо (890)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст