Агар зану шавхар фарзанддор нашаванд дар давоми 15 сол ….

0

# Савол

Бефарзандӣ

Ассалому алекум! Агар зану шавхар фарзанддор нашаванд дар давоми 15 сол  бо зами ин эхтиром байни онхо набошад.Зан чандин бор чавоби маро дех мегуяд аммо шавхар не мегуяд.Ин зан чи кор кунад? Аз шумо хохиш дорам дар хаки ин зан дуо кунед Худованд гуноххояш бубахшад.

Аз Оиша

#Ҷавоб

Ва алайкумуссалом. Хоҳари азиз! Зани мусалмон ҳаққти талаби талоқ карданро аз шавҳар дар ҳоле дорад, ки шавҳар дар таъмини нафақа бе узри шаръи кутоҳи кунад, ё ба зан зараре бирасонад, ки пас аз он зан наметавониста бошад бо у зиндагиро идома диҳад (мисли дашноми қабиҳ, зарбу лат кардан ва ба кори гуноҳ маҷбур кардан) ё мард бенамоз бошад ё марди зинокор бошад ё мард арақнуш бошад. Агар мард яке ё чанд ин амалҳоро анҷом медода бошад, зани мусалмон ҳаққи ҷудо шуданро дорад ва гавҳар бояд талоқ диҳад.

Зеро Худо гуфта аст:

فَإِذَا بَلَغۡنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمۡسِكُوهُنَّ بِمَعۡرُوفٍ أَوۡ فَارِقُوهُنَّ بِمَعۡرُوفٖ… الطلاق [2-2]

Яъне:… Занонро ба тарзи шоистае нигаҳ доред ё ба тарзи шоистае аз онҳо ҷудо шавед…

Аммо агар шавҳар нофармони карда талоқ додани набошад ва қасди озори занро дорад, пас зан муроҷиъат ба қазо ё олими бо тақвои маҳалла мекунад. Қози пас аз суҳбат кардан бо шавҳари зан метавонад роҳи ҷудошудани онҳоро фароҳам созад. Пас аз содир шудани фатвои талоқ зан 3 ҳайз интизор мемонад пас метавонад шавҳари муносиб бикунад. Худо нигаҳбони шумо ва хонадонатон бошад.


Ҷавоб аз Саҳифаи таълимӣ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст