Агар надониста луқмаи ҳаром хурӣ, зарараш ба ҳамсар ҳам мерасад?

0

# Савол

Одаме, ки надониста, луқмаи ҳаром хӯрд, пас аз чанд рӯз он луқма аз баданаш нест мешавад ва ҷавобгарияш дар пеши Худованд чӣ гуна аст?

Агар одами луқмаи ҳаромхӯрда бо оилааш наздикӣ кунад, аз ҳамон луқмаи ҳаром ба оилааш ягон зарар мерасад?

Агар надониста лукмаи харом хури, зарараш ба хамсар мерасад?

# Ҷавоб

Чунончи дар ҳадис омадааст, ғизо дар бадани инсон то чил рӯз боқӣ мемонад. Албатта дар ин сурат, ки худаш қасдан ҳаром нахӯрдааст, гуноҳ бар зиммаи он шахсе аст, ки ҳаромро ба ӯ хӯронидааст. Пас аз огоҳӣ ёфтан тавбаву истиғфор бояд кард.

Агар шахсе луқмаи ҳаром хӯрд, набояд бо ҳамсараш ҳамбистар шавад, агар дар ин ҳолат фарзанде аз ин луқмаи ҳаром ба вуҷуд ояд, ба ӯ зарар ва нуқсони ҷиддӣ мерасад. Ин аз дидгоҳи дини мубини Ислом ва тибби набавӣ собит шудааст.

Шӯрои уламо (772)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст