Таблиғ барои пешрафти сомона
#Савол
Вазифаҳои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд? Вазифахои сиёсати пулию карзии Чумхурии Точикистон кадомхоянд?
#Ҷавоб
Барои амали намудани ҳадафҳои зикршуда иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ мешавад:
- татбиқи нишондиҳандаҳои барномаи молиявй дар доираи ҳуҷҷати стратегаяи паст кардани сатҳи камбизоатӣ;
- афзоиши ҳаҷми пешниҳоди пул то меъёри 18% дар тӯли сол;
- такмили механизми амалиёт дар бозори озод, аз ҷумла дар бозори байнибонкии асъор ва бозори байнибонкии қарзӣ;
- васеъ намудани доираи хизматрасонии бонкҳо, аз ҷумла қарздиҳии ипотекӣ, қарздиҳӣ дар минтақаҳои деҳот, алалхусус, манотиқи кӯҳистон, беҳтар кардани сифати фаъолияти онҳо ва мустаҳкам намудани вазъи молиявии низоми бонк;
- мустаҳкам намудани базаи амонатии бонк ва идомаи корҳо оид ба зиёд намудани боварии аҳолй ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба низоми бонк;
- афзоиши сармояи оинномавии бонкҳо аз ҳисоби ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ;
- фароҳам овардани шароит барои гузаронидани амалиёт дар бозори байналмилалии тилло (ЬВМА)
- пайваста тоза намудани муомилоти пул аз пулҳои фарсуда ва вусъати гардиши тангаҳои филизӣ;
- ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва дар ин асос таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ.