Нияти намози иди Рамазон чи гуна аст?

0

# Савол

Нияти намози иди Рамазон чи гуна аст? Тарзи хондани намози иди Рамазон чи хел аст?

# Ҷавоб

Салом, нияти намози иди Рамазон чунин аст:

Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Рамазон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.

Аз ду ракаат иборат аст. Тарзи хондани намоз бошад, мисли дигар намозҳо аст. Фақат дар аввали ракаати аввал се такбир гуфта, “Аллоҳу акбар”-гӯён дастҳоро се бор баробари гушҳо мебардоред.

Дар ракаати дуюм бошад пеш аз рукуъ кардан се бор такбир гуфта, “Аллоҳу акбар”-гӯён дастҳоро се бор баробари гушҳо мебардоред. Дар такбири чорум ба рукуъ меравед.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст