Дар вақтҳои қиём, саҷда – вақти намоз ба куҷо бояд нигоҳ кунем?

0

# Савол

Дар вақти гузоридани намоз ба куҷо нигоҳ кардан лозим аст? Масалан дар вақти қиём, ё дар вати рукуъ, ё дар вақти саҷда?

# Ҷавоб

Бародари азиз, аз ҷумлаи одоби намоз ин аст, ки намозгузор дар вақти қиём нигоҳи худро ба саҷдагоҳ андозад, дар ҳолати рукуъ ба пушти ангуштони пойҳояш, дар вақти саҷда ба бинӣ, дар қаъда ба саҷдагоҳ ва дар ҳолати салом ба китфҳояш нигоҳ кунад. Ҳар яке аз ин ҳолатҳо ҳикмати хоссе дорад ва дар нигоҳ доштани ҳузури қалб бисёр муассир мебошад.

Шӯрои уламо (1885)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)