# Савол
Типи Спорозоа чи гуна тип аст дар зоология?
# Ҷавоб
Инҳо ҳайвоноти якҳуҷайра буда, қариб ҳамаи онҳо муфтхӯранд. Намояндагони ин тип дар дохили узвҳо ва ҳуҷайраҳои гуногуни бадани одаму ҳайвонот муфтхӯрӣ мекунанд.
Як намуди ин тип плазмодияи хунӣ буда, бемории вазнини вараҷа ё табларзаро ба вуҷуд меорад.
