# Савол
Пас аз таваллуд шудани фарзанд харидани гаҳвора бар дӯши волидони зан шарт аст? Пас аз таваллуд шудани фарзанд харидани гахвора бар души волидони зан шарт аст?
# Ҷавоб
Дар дини Ислом то ба балоғат расидани фарзанд таъмини хӯроку пӯшок, ҷойи зист ва дигар заруриёти зиндагӣ, инчунин табобати ӯ бар зиммаи падари фарзанд воҷиб аст, зеро Худованд дар ояти 233-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хӯроку пӯшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (уҳдаи) падар аст”. Аз ин ҷиҳат харидани гаҳвораи тифл бар зиммаи падари кӯдак аст.
Шӯрои уламо (2782)
