Оё дар вақти хоб рӯҳи инсон аз баданаш мебарояд?

0

# Савол

Оё дар вақти хоб рӯҳи инсон аз баданаш мебарояд? Оё дар вакти хоб рухи инсон аз баданаш мебарояд?

# Ҷавоб

Вақте ки инсон мехобад, рӯҳаш аз бадан мебарояд, вале иртиботи он бо бадан боқӣ аст ва инро марги сабук мегӯянд, агар иртиботи рӯҳ бо бадан қатъ гардад ва ба он барнагардад, ҳаёти инсон ба поён мерасад.

Худованд мефармояд: “Худо рӯҳҳоро наздики марги онҳо қабз мекунад ва он рӯҳро, ки намурдааст, дар хоби он (қабз мекунад). Пас, онро, ки бар вай ҳукми марг кардааст, нигоҳ медорад ва он дигарро то вақти муайян раҳо мекунад. Ба ростӣ, дар ин (муқаддима) барои қавме, ки тааммул мекунанд, нишонаҳое ҳаст». (Сураи «Зумар», 42)

Ҳангоми марг тааллуқи рӯҳ аз зоҳир ва ботини бадан қатъ мешавад, вале ҳангоми хоб партави рӯҳ аз зоҳири бадан қатъ мешавад, на аз ботини он. Аз ин рӯ, марг ва хоб аз як ҷинсанд, магар фарқи онҳо ин аст, ки марг инқитоъи комили рӯҳ аз бадан аст, дар ҳоле ки хоб инқитоъи ноқиси рӯҳ аз бадан аст.

Шӯрои уламо (1150)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст