Суоли шаръӣ – 11. Оё дар шариат музди коргар муайян шуда аст? Ман бояд ба коргарон чанд пул маош дихам?
Аз аҳкоми касбу кор
Суол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!
Умедворам, ки хубу саломат бошед. Ман соҳибкорам ва чандин кас дар зери дастам ҳамчун коргар кор мекунанд. Мехоҳам донам, ки оё дар шариат музди коргар муайян шуда аст? Ман бояд ба коргарон чанд пул маош диҳам?
Лутфан, дар ин бора равшанӣ меандохтед.
Ҷавоб:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон!
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Саломат бошеду сарбаланд!
Бародари азиз, аз Худованд хоҳони онем, ки ба шумо ва ашхоси ба мисли шумо соҳибкорон тавфиқи бештар диҳад, то ҳудуд ва аҳкоми шариатро дар корҳои худ риоя кунед ва дигарон низ аз имконоти молии шумо фоида гиранд.
Бояд гуфт, ки шариат дар умум барои кормандони ба сифати аҷир (муздур, мардикор) зери дасти касе коркунанда маоши муайян муқаррар накарда аст.
Зеро корҳо ба эътибори сифат, коргарон ва эътибори ҳунармандӣ ва дигар вижагиҳо аз якдигар фарқ мекунанд.
Агар шариат фаразан, ин эътиборҳо, сифатҳо ва хусусиятҳоро ба инобат нагирифта, чунин ҳукме содир мекард, ки бояд ба корманд 2000 сомонӣ дода шавад, ин таъйини маош барои коргарон дар аксари ҳолатҳо зулм ба ҳисоб мерафт.
Чунки гоҳо коргаре ин маблағро мегирифт, ки шояд меҳнаташ ба 1500 сомонӣ баробар аст. Дар ин ҳолат корфармо бо зулм рӯбарӯ мегашт. Ё шояд ин маблағ ба коргаре дода мешуд, ки ҳаққи ӯ аз ҷиҳати ҳунармандӣ, соати корӣ ва меҳнаташ ба 3000 сомонӣ меарзад. Дар ин ҳолат коргар мазлум қарор мегирифт.
Аз ин рӯ, шариати Ислом барои ҳамаи коргарон ҳаққи якнавохтро муқаррар накарда аст.
Балки баъзе чорчӯбаҳоеро гузошта аст, ки ҳаққи шахси коргар зоеъ намегардад.
Он чорчӯбаҳои кафолатдиҳандаи ҳифзи ҳаққи коргарон инҳоянд:
1. Розигии коргар аз ҳаққи ба ӯ ҷудошаванда;
2. Риояи адолат;
3. Ба эътибор гирифтани лаёқат, ҳунармандӣ ва таҷрибаи коргар;
4. Ба эътибор гирифтани урф.
Бар асоси ин чорчӯбаҳо, ситам намудан ба коргарон ё манъи ҳаққи онҳо ё ба таъхир гузоштани адои ҳаққашон ҳамаи ин корҳо аз рӯи шаръ ҳаром мебошад.
Фуқаҳо мегӯянд: “Ҳар ки коргареро бидуни музд кор фармояд, гӯё ӯро ғуломи худ сохта аст”.
Фуқаҳо ин суханро бо истинбот аз ривояти қудсӣ гуфтаанд.
Ҳазрати Абӯҳурайра (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки он Ҳазрат (с) гуфтанд:
قال تعالى: ثلاثَةٌ أنا خَصْمُهُمْ يَومَ القِيامَةِ: رَجُلٌ أعْطَى بي ثُمَّ غَدَرَ، ورَجُلٌ باعَ حُرًّا فأكَلَ ثَمَنَهُ، ورَجُلٌ اسْتَأْجَرَ أجِيرًا فاسْتَوْفَى منه ولم يُعطِه أجرَه
“Аллоҳ (ҷ) мегӯяд: “Се тоифа шахсоне ҳастанд, ки Ман рӯзи қиёмат алайҳи онҳо даъво мекунам: шахсе, ки бо номи Ман аҳд баст, сипас онро шикаст, марде, ки шахси озодеро фурӯхт ва маблағашро хӯрд ва марде, ки касеро киро кард, ҳаққи худро аз ӯ пурра гирифт, вале музди ӯро пурра надод.”
(Ривояти Бухорӣ ва ғайра)
Дар ин ҳадис баъд аз зикри фурӯхтани шахси озод ва хӯрдани пули он масъалаи манъ кардани ҳаққи коргар зикр шуда аст.
Хулоса, чуноне аллома Ваҳбаи Зуҳайлӣ (р) оварда аст, алоқа байни корфармо ва коргар дар Ислом бар асоси инсоният, раҳмат, ба якдигар ёрӣ додан, адолатхоҳӣ, лаёқат, розигии тарафайн ва урф бино ёфта аст.
[Ниг: Мавсуъат-ул-фиқҳи-л-исломӣ ва адиллатуҳ; Ваҳбаи Зуҳайлӣ; 4/68-70]
Агар корфармо аз ҳаққи коргараш кам ва ба ӯ зулм кунад, дар зери ҳукми ин ояти карима дохил мешавад:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَأْكُلُوٓاْ أَمْوَٰلَكُم بَيْنَكُم بِٱلْبَٰطِلِ
“Эй он касоне, ки имон овардаед! Молҳоятонро байни худ бо роҳи ботил (ноҳақ) махӯред…”
[Сураи Бақара: 188 ва Нисо: 29]
Баъзан чунин ба назар мерасад, ки гурӯҳе аз корфармоҳо аз ҳолати ночории коргаронашон истифода мебаранд ва чуноне дар ҳадиси фавқ омада аст, ҳаққи худашонро аз онҳо комил мегиранд, вале ҳаққи онҳоро пурра намедиҳанд. Ин кори чунин корфармоҳо шаръан ҳаром ва ҳаққе, ки аз кормандонашон манъ карда, ба ҷайбашон мезананд, он низ ҳаром аст. Валлоҳу аълам.
Суоли 11, Иброҳими Саиднуриддин, санаи ҷавоб: 20.01.2022.
