# Савол
Оё баъд аз ғусли ҷанобат намоз хондан мумкин аст?
# Ҷавоб
Обҳое, ки аз чашму гӯшу бинӣ ҳамроҳ бо дарду сӯзиш барояд, таҳоратро мешиканад, зеро дард нишонаи захм аст ва оби аз захм баромада таҳоратро мешиканад. Агар дар аснои баромадани он дарду сӯзиш мавҷуд набошад, таҳоратро намешиканад. Дар китоби «Раддул-муҳтор» роҷеъ ба ин масъала чунин меорад:
( كما ) لا ينقض ( لو خرج من أذنه ) ونحوها كعينه وثديه ( قيح ) ونحوه كصديد وماء سرة وعين ( لا بوجع ) وإن خرج ( به ) أي بوجع ( نقض ) لأنه دليل الجرح.
«Агар аз гӯш, чашм ва ё сина зардоб ё рим бидуни дарду сӯзиш берун ояд, вузӯро намешиканад ва агар бо дарду сӯзиш барояд, вузӯро мешиканад».
(«Раддул-муҳтор», ҷ. 1, с.147) Шӯрои уламо (29)
