Маънои номи Осия (Осия ё Асия?)

0

# Савол

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳу. Ман мехоҳам номи духтарчаамро Осия бигузорам. Оё ин Ҷоиз аст?

Тарзи дурусти он дар Қуръони карим чӣ тавр омадааст, Осия ё Асия?

# Ҷавоб

Воалейкум салом. Барои шумо ҷавоб аз Шӯрои уламоро меорем:

Ин ном дар Қуръони карим сароҳатан зикр нашудааст, вале дар ҳадиси шариф ворид шудааст. Осия номи зани Фиръавн аст, ки имон оварда буд ва яке аз чаҳор зане аст, ки онҳоро Пайғамбар (с) беҳтарин занони олам хондаааст. Тарзи дурусти ин ном Осия буда, ба чанд маъно омадааст, аз ҷумла бинои устувор, сутун, маҳзун ва табиб.

Шӯрои уламо (214)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст