# Савол
Майдони электромагнитӣ чист?
# Ҷавоб
Майдони электромагнитӣ атомҳову молекулаҳои моддаро бо якдигар робита медиҳад. Ҳамин майдони электромагнитӣ аст, ки ҳосил кардан ва густариш додани радиомавҷҳоро имконпазир мегардонад. Дар ин замина мо имкон пайдо мекунем, ки радио бишнавем ё телевизион тамошо кунем.
