# Савол
Кадом вакт руза мешиканад? Дар кадом ҳолатҳо руза мешиканад?
# Ҷавоб
Бародари азиз, рӯза дар ҳолатҳои зерин мешиканад:
- Қасдан хӯрдан ё ошомидан.
- Алоқаи ҷинсӣ кардан бо ҳамсар.
- Бӯсидан ё ламс кардани ҳамсар, ки сабаби инзол гардад.
- Сангреза, оҳан ё донаи меваеро фурӯ бурдан.
- Дар мақъад, бинӣ ва гӯш даво чакондан.
- Ба гумони ин ки субҳ надамидааст, саҳарӣ хӯрдан ё ғуруби офтобро мушоҳида карда ифтор намудан, ҳол он ки субҳ дамида ва ё офтоб ғуруб накардааст.
- Қасдан қай кардан.
- Ба таври маҷбурӣ хӯрондан ё нӯшонидан.
Шӯрои уламо (2667)