# Савол
Дар моҳи Рамазон истифодаи мисвок ё шоткаи дандоншӯӣ бе хамираи он мумкин аст ё на?
# Ҷавоб
Бародари азиз, дар ҳолати рӯза тоза кардани дандон бо мисвоки табиӣ ҷоиз аст ва ба рӯза нуқсоне ворид намекунад, агарчи талхии он маълум шавад, вале оби онро фурӯ набарад.
Шустани дандон бо мисвоки маснуъӣ (шотка) бидуни хамираи он ҷоиз аст, аммо бо хамира макрӯҳ аст, агар аз хамираи он чизе ба ҳалқ фурӯ равад, рӯза фосид ва қазо лозим мешавад.
Шӯрои уламо (2665)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст