# Савол
Илм чист? (фалсафа)
# Ҷавоб
Илм – як намуди фаъолияти маърифатӣ, ки вазифааш коркард ва низомноксозии назариявии донишҳои объективӣ дар бораи воқеият аст. Илм аз амалия пайдо шудааст ва дар асоси он тараққӣ мекунад. Талаботи истеҳсолоти моддӣ ва таҷрибаи ҷамъиятии одамон асоси пешрафти илм мебошад. Илм ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ аз сиёсат, ҳуқуқ, дин, санъат, ахлоқ фарқ мекунад. Ҷавҳари илмро қонунҳо ва мафҳумҳои илмӣ, назария ва фарзияҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Хусусияти тафаккури илмӣ он аст, ки вай ҳамаи даъвоҳои худро бо фактҳо муайян намуда, хурофотро намепазирад. Қудрати илм дар он аст, ки ба далелҳои воқеӣ такя карда, аз онҳо хулосаи мувофиқ мебарорад, дар ҳамагуна тасодуф ва ҷузиёт вай зарурат ва қонуниятро кашф намуда, дар асоси онҳо пешгуӣ мекунад, ки аҳамияти бузурги амалӣ дорад.
