Ҳукми табобати зан назди табиби марди номаҳрам

0

Суоли шаръӣ – 8. Хукми табобати зан назди табиби марди номахрам.


Ҳукми табобати зан назди табиби марди номаҳрам

Суол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

Ака, хуб ҳастед? Як савол дорам. Ҳамсари ман бояд ҷарроҳии занона шавад. Лекин духтуре, ки ҷарроҳӣ мекунад, мард аст. Оё ҷарроҳии зан аз тарафи духтури мардона аз нигоҳи шариат ҷоиз аст?

Ҷавоб:

Бародари азиз, дар оғоз аз Худованд оҷизона хоҳони он ҳастем, ки ба ҳамсари шумо шифои комил ва оҷил насиб гардонад.

Қобили қайд аст, ки нигоҳ кардани духтури мард ба яке аз аъзои зани номаҳрам, ки пӯшидани он узв барои бегонагон фарз аст, ба ҷуз ҳолатҳои пеш омадани зарурат ҷоиз нест, балки ҳаром аст. Зеро занон бояд андоми хешро, ғайр аз чеҳра ва каффи дасту пой аз мардони номаҳрам пӯшонанд. Ин ҳукм ба сароҳат дар Қуръони Карим омада аст. Худои Таъоло дар ояти 31-и сураи “Нур” мегӯяд:

“… ва набояд занон зинати (пӯшидаи) худро ошкор созанд, магар он чи (мисли ангуштарини даст одатан) ошкор шавад…” [Нур: 31]

Мақсад аз “ошкор насохтани зинат” мавзеҳои он зинат аст.

Инчунин дар ояти 59-и сураи “Аҳзоб” омада аст:

“Эй Паёмбар (с)! Ба ҳамсарону духтаронат ва занони мӯъминон бигӯ, то (аз сар то қадами хешро) бо ҷилбоб (либоси аз сар то қадами зан пӯшонанда) бипӯшонанд. Ин барои шинохта шудан, то мавриди озору азият қарор нагиранд наздиктар аст. Ва Аллоҳ (ҷ) Бахшанда ва Меҳрубон аст.”

[Аҳзоб: 59]

Аз ин рӯ, пӯшидани либосе, ки кулли ҷисми занро ба истиснои чеҳра ва каффи дасту пои ӯ аз чашми мардони номаҳрам пӯшонад, фарзу хукми қатъии Худованд аст.

Бар ҳамин асос, фуқаҳо мегӯянд, нигоҳ кардани табиби мард ҳангоми табобат ба узве аз узвҳои зан, ки пӯшонидани он фарз аст, танҳо дар вақти пеш омадани зарурат ҷоиз аст.

Имом Бурҳониддини Марғинонӣ (р) дар китоби “Ҳидоя” доир ба ин масъала чунин гуфта аст:

“Барои табиб бинобар пеш омадани зарурат назар кардан ба ҷои бемории зан раво аст. Вале лозим аст, ки табиби мард ҳунари табобати хешро ба зане таълим диҳад, то зани беморро табобат кунад. Зеро нигоҳи ҳамҷинс (зан) ба ҳамҷинсаш (зани дигар) осонтар аст. Аммо агар ба зан ҳунари табобатро омӯхта натавонанд, дар ин ҳолат духтури мард ҳамаи ҷисми зани беморро, ғайри мавзеи бемории ӯ мепӯшонад.”

[Ниг: Имом Бурҳониддини Марғинонӣ; Ҳидоя; 4/236,237]

Дар ин навиштаи имом Бурҳониддини Марғинонӣ (р) се қайди бисёр муҳим дарҷ гашта аст. Риояи ин се қайд дар масъалаи матраҳшуда ҳатмӣ мебошад. Он қайдҳо инҳоянд:

1. Пеш омадани зарурат;

Табобат ё ҷарроҳии занонаи зани мусалмон аз сӯи табибони мард он вақт дуруст аст, ки ба ин кор зарурат пеш ояд. Зарурат ҳамеша дар Ислом ҳолати истисноӣ ба ҳисоб рафта, он ба инобат гирифта мешавад. Бинобар ин, Қуръон баъд аз зикри манъи истеъмоли гӯшти хук ва дигар ҳаромҳои қатъӣ мегӯяд: “Пас, ҳар ки (ба хӯрдани чизи ҳаром) маҷбур шавад, дар ҳоле ки (бо аз ҳоҷат бештар хӯрдан) ситамкунанда ва (аз ҳадди ҳоҷат) таҷовузкунанда набошад, бар вай ҳеҷ гуноҳе нест. Ҳамоно Аллоҳ (ҷ) Бахшандаи Меҳрубон аст.” [Бақара: 173]

Ба ин маъно дар оятҳои 145-и сураи “Анъом” ва 115-и сураи “Наҳл” низ омада аст.

Фуқаҳо бо такя ба ин оятҳо қоидаи “Заруратҳо манъшудаҳоро ҷоиз мегардонанд”-ро сохтаанд.

Имом Бадриддин Айнӣ (р) ҳолатҳои зеринро ҳамчун зарурат оварда аст:

  • Хавфи ҳалокати зан;
  • Расидани осеби шадид ба зан;
  • Гирифтории зан ба дарди тоқатнопазир.

Вақте зани мусалмон дар чунин ҳолатҳо қарор гирад ва фақат табиби мард тавонад аз уҳдаи муолиҷаи ӯ барояд, назар кардани он мард ба ҷойи табобатшавандаи зани бемор ҷоиз аст. [Ниг: Имом Бадриддин Айнӣ;Ал-биноя; 11/155]

2. Ҷустуҷӯи табиби зан ба ҷои табиби мард;

Ҷумлаи “Вале лозим аст, ки табиби мард ҳунари табобати хешро ба зане таълим диҳад, то зани беморро табобат кунад” ифодагари он аст, ки то ҳадди имкон бояд коре кард, то зани бемор аз сӯйи табиби мард табобат нашавад, балки ин корро табиби зан кунад. Аз ин сабаб, фақеҳон мегӯянд, таълим додани ҳунари табобат ба зан, ки занони ҳамҷинси худро табобат кунад, воҷиб мебошад. [Ниг: Аллома Ибни Обидини шомӣ; Радд-ул-муҳтор; 9/612]

Аллома Ваҳбаи Зуҳайлӣ (р) низ дар ин бора мегӯяд: “Ба шарте назар кардани марди табиб ба мавзеи бемории занонаи зан ҷоиз аст, ки ҳеҷ зане ёфт нашавад, ки аз уҳдаи ин кор мебарояд.”

[Ниг: Аллома Ваҳбаи Зуҳайлӣ; Мавсуъат-ул-фиқҳи-л-исломӣ; 3/555]

Чуноне имом Бурҳониддини Марғинонӣ (р) гуфта буд: “Зеро назари ҳамҷинс ба ҳамҷинс сабуктар (оқибаташ камхавфтар) аст”.

Ин ҷо ба таври мисол ишора ба як сурати масъала зарур аст. Масалан, шавҳари зани бемор шахси доро аст. Дар кишваре, ки ӯ зиндагӣ мекунад, табибони зан барои табобати ҳамсараш пайдо намешаванд. Вале он мард азбаски соҳибмол аст, имкони ба дигар кишвар бурдан ва дар зери назари табибони зан табобат кардани ҳамсарашро дорад. Дар чунин ҳолат, бар ӯ зарур аст, ки аз имконоти молиаш истифода бурда, ҳамсарашро ба хориҷ барад ва табобат ё ҷарроҳии мавзеи занонаашро табибони занона кунанд.

3. Вақти ҷарроҳӣ ё табобати зан ба ғайр аз ҷои табобатшаванда пӯшонидани тамоми бадани зани бемор;

Агар ҳолати зарурати муолиҷаи зан пеш ояд ва духтури занона пайдо нашавад, дар чунин ҳолат табиби мард бояд тамоми бадани занро ба ғайр аз ҷои бемориаш бипӯшонад ва ӯро ҷарроҳӣ ё табобат кунад. Зеро тибқи қоидаи фиқҳии баргирифта аз оятҳои Қуръон “Ҳолати зарурат ба ҳадди зарурат маҳдуд кунонида мешавад”.


Хулосаи калом, ҷарроҳӣ ё табобати ҷои занонаи зан аз ҷониби марди табиб дар сурати мавҷудияти шартҳои зерин дуруст аст:

1. Пеш омадани зарурат;

2. Набудани занони табиб, ки он марази занонаро табобат ё ҷарроҳӣ кунанд ва шавҳар имкони ба кишвари дигар бурдани ҳамсарашро надорад;

3. Маҳдуд кунонидани зарурат ба андозаи зарурӣ ё ба қавли фуқаҳо, ба истиснои ҷои табобатшаванда пӯшонидани тамоми бадани зан.

Ғайр аз ин, аллома Ваҳбаи Зуҳайлӣ (р) бо нақл аз навиштаҳои фуқаҳо меорад, ки набояд байни марди табиб ва зани бемор хилват (ҳолати танҳо мондан) сурат гирад, балки ҳангоми табобат ҳамроҳи зан яке аз маҳрамҳо ё шавҳараш ё зани боэътимоде боқӣ монанд ва он дуро танҳо нагузоранд. [Ниг: Аллома Ваҳбаи Зуҳайлӣ; Мавсуъат-ул-фиқҳи-л-исломӣ; 3/555]

Агар шартҳои мазкур риоят шаванд, ҷарроҳӣ ё табобати ҷои занонаи зани мусалмон аз ҷониби табиби мард ҷоиз аст. Ин фатво на танҳо назари фуқаҳои ҳанафӣ, балки раъйи ҳама фуқаҳо аст.

[Ниг: Доират-ул-маорифи фиқҳии кувейтӣ; 12/136]

Агар ба фарзи мисол, як марди табиби мусалмон ва як марди табиби ғайри мусалмон мавҷуд бошад. Дар ин ҳолат бояд табобати зан бар уҳдаи марди табиби мусалмон вогузор гардад.

ЗАРУРАТИ ОМУЗИШИ ИЛМИ ТИБ АЗ ҶОНИБИ ХОҲАРОНУ МОДАРОН

Дар охир, бо истифода аз ин савол мехоҳем ба масъалаи таҳсили илм аз ҷониби занони мусалмон ишора ва таъкид намоем.

Фуқаҳои исломӣ аз гузашта то имрӯз омӯзиши фанни тибро барои мусалмонон фарзи кифоя гуфтаанд. Агар ҳамаи миллат дар як кишвар дар омӯхтани ин соҳа кӯтоҳӣ кунанд, аз аввал то охир ҳамаашон гунаҳкор мешаванд.

Хусусан омӯзиши соҳаи занонаи тиб аз муҳимтарин соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Занони дорои истеъдод бояд ин соҳаро раҳо накунанд.

Инчунин бояд гуфт, ки баъзе ашхос маънои фарзи кифояро нодуруст мефаҳманд ё ба дигарон нодуруст мефаҳмонанд. Фарзи кифоя ба маънои он нест, ки танҳо як фард ё гурӯҳ дар иҷрои он саъй кунанд ва дигарон дар эҷоди он саҳме нагузоранд. Ин тарзи нигоҳ ба фарзи кифоя нодуруст аст.

Балки ҳамаи уммат вазифадоранд, ки дар эҷоди он бо ҳар роҳе саҳмгузор бошанд. Тавонгарон бо сарфи мол, соҳибқаламон бо навиштани матолиб ва маводи тарғиботӣ, донишмандони шаръӣ бо нашри фатво ба зарурати омӯзиши ин фан ва ҳоказо. Ба ин маъно, ҳеҷ каси мукаллаф аз саҳмгузорӣ дар эҷоди фарзҳои кифоя истисно нест. Агар мусалмонон ба фарзи кифоя аз ин дарича нигоҳ кунанд, бисёре аз мушкилоташон ҳалли худро меёбад. Валлоҳу аълам.


Суоли 8, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 22.12.2021.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст