# Савол
Фалсафаи илм чист? (фалсафа)
# Ҷавоб
Фалсафаи илм – қисми фалсафа, ки сохтори илм, қонуниятҳои умумии фаъолияту инкишофи онро (ҳамчун низоми донишҳои илмӣ, соҳаи фаъолияти маърифатӣ, ниҳоди иҷтимоӣ, асоси дигаргунсозиҳои навоваронаи ҷомеа) меомӯзад.
