Далели вазни аъмол дар рӯзи қиёмат чист?

0

# Савол

Далели вазни аъмол дар рӯзи қиёмат чист?

“Дар куҷо омадааст, ки рузи қиёмат аъмоли мо дар тарозу гузошта мешаванд?”

Далели вазни аъмол дар рузи киёмат чист?

# Ҷавоб

Худованд дар бора мефармояд: “Ва тарозуҳои адлро рӯзи қиёмат дар миён ниҳем, пас, бар ҳеҷ кас ҳеҷ чиз ситам карда нашавад; ва агар (амал) ҳамсанги донаи сипандон бошад, онро ҳозир кунем. Ва Мо Ҳисобкунанда басем”. (“Анбиё”; 47)

“Ва санҷидани аъмол дар он рӯз буданӣ аст. Пас, онон, ки паллаи некиҳояшон гарон шудааст, растагоронанд. Ва касоне, ки паллаи некиҳояшон сабук шудааст, ононанд, ки дар ҳаққи хештан зиён карданд – ба сабаби он ки ба оёти Мо инкор мекарданд”. (“Аъроф”; 8-9)

Шӯрои уламо (280)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст