Мегӯянд “белро рост намонед, хокталаб мешавад”, дуруст аст?

0

# Савол

Дар назди дарвоза бел рост гузошта шуда буд, зани ҳамсояамон омада ба мо гуфт: Белро рост намонед, хокталаб мешавад, убол аст. Гуфтаҳои ӯ ба ман на он қадар писанд омад. Лутфан мегуфтед, ки гуфтаҳои ин зан ягон ҳақиқате дорад?

# Ҷавоб

Сухани ин ҳамсоязан ягон асоси шаръӣ надорад. Балки ин як навъ гумони бад кардан аст. Дар дини Ислом гумони бад раво нест, аммо гумони нек хуб аст. Аз ин лиҳоз, аз сухани ин гуна занон ягон гумони бад накунед.

Шӯрои уламо (1103)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст