Барои чӣ тамоми корро мекунем, аммо 15 дақиқа вақти намоз барои мо мушкил менамояд?

0
97

#Савол

Ассалому алайкум. Барои чӣ мо тамоми корро мекунем, мехўрем, мехобем, соатҳои зиёд ба бозиҳои гуногун машғул мешавем, гузашти вақтро намефаҳмем, аммо 15 ё 20 дақиқа вақти намоз барои мо мушкил менамояд? Чаро табиати инсонӣ ин гуна аст?

#Ҷавоб

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

Бародари азиз, инсон табиатан роҳатталаб аст ва нафси ў ҳамеша ба корҳои номашруъ майл дошта соҳибашро ба сўи амалҳои бад фаро мехонад. Чунонки Худованд мефармояд: “Ҳамоно нафс бисёр ба бадӣ амр мекунад”. (Сураи “Юсуф”, ояти 53)

Яъне табиати нафси башарӣ чунин аст, ки ба бадӣ фармон медиҳад, зеро нафс ба сўи лаззатҳо гароиш дорад ва боздоштани он аз ин гароиш душвор аст. Дар ҳадиси шариф омада, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Чӣ мегўед дар бораи рафиқе, ки ҳамроҳи шумост рафиқе, ки агар ўро гиромӣ дошта итоаташ кунед ва ўро бипўшонед, шуморо ба бадтарин фарҷом мерасонад ва агар ўро хор созед ва урёну гурусна бидоред, шуморо ба беҳтарин фарҷом мерасонад?” Асҳоб гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ! Инчунин рафиқе бадтарин рафиқ дар рўи замин аст”.

Фармуданд: “Савганд ба Худое, ки ҷонам дар қабзаи қудрати ўст ин рафиқ ҳамон нафсҳои шумост, ки дар миёни паҳлуҳоятон қарор дорад”.

Аз ҳамин сабаб табиати одамӣ аз корҳои хайр гурезон аст, ўро барои итоати фармудаҳои Худованд ва анҷоми амалҳои нек одат бояд дод.

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (1984)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии